ШУЪБАИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲО
Шуъбаи татбиқи лоиҳаҳо бо ҳадафи таҳия ва татбиқи барнома ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ таъсис дода шуда, вазифаҳои асосии зеринро иҷро менамояд:
- банақшагирии иштироки воҳидҳои сохтории Академия дар таҳия ва амалисозии барномаҳои сармоягузорӣ ва лоиҳаҳо
- иштирок дар озмунҳо ҷиҳати ба дастовардани грантҳои хориҷӣ;
- ташкили иштироки фаъоли ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён дар озмунҳо ва грантҳо доир ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ бо ҳадафи ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи он;
- роҳбарӣ намудани раванди барасмиятдарории ҳуҷҷатгузории дархостҳои озмунӣ баҳри иштироки Академия дар барномаҳо ва лоиҳаҳои илмӣ, таҳсилотӣ, эҷодӣ ва инноватсионӣ, инчунин ба даст овардани грантҳо;
- расонидани кӯмаки иттилоотӣ, машваратӣ ва методӣ ба кормандону донишҷӯён зимни таҳияи дархостҳои грантӣ баҳри иштирок дар озмунҳо ва грантҳо;
- ҳамоҳангсозии робитаҳои Академия бо фондҳои сармоягузорӣ ва дигар ташкилотҳо, ки маблағгузории таҳқиқот, омодасозии кадрҳо ва рушди фаъолиятро маблағгузорӣ менамоянд;
- мусоидат дар самти барасмиятдарории дархостҳо ва дастгирии методӣ ҷиҳати иштирок дар барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо;
- мониторинг ва коркарди иттилоот оид ба лоиҳаҳо ва грантҳо.