|
Маликшозода Шоҳбегим Хайрулло
Директори Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат
Тел.:(+992) 985-11-84-70
E-mail: markazizanon@mail.ru
Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат
Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат бо мақсади баланд бардоштани иқтидори зеҳнии занони роҳбарикунанда ва болаёқат, рушди захираи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон, дарёфт ва омодасозии кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани мавқеи устувори занон, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо марбут ба масъалаҳои занон санаи 21 феврали соли 2022 дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар ҳамкорӣ бо СММ – занон дар Тоҷикистон дар заминаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Низомномаи Марказ бо қарори Шурои олимони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2022, №6/10 тасдиқ гардидааст.
Марказ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030” тадбирҳои амалӣ андешида, барои иштироки фаъолонаи занону духтарон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва дар ин замина баланд бардоштани мавқеъ, дониш ва маърифати ҳуқуқӣ, таъмини дастрасӣ ба хизмати давлатӣ, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони болаёқат шароити мусоид ва имкониятҳои ҳамаҷониба фароҳам меорад.
Барои занону бонувони роҳбарикунанда ва болаёқат аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ, инчунин дигар кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмин ва татбиқи сиёсати гендерӣ, банақшагирии гендерии буҷет, таҳлили гендерӣ, пешгирии зӯроварӣ дар оила курсҳои омӯзиширо ба роҳ мемонад.
Ғайр аз ин, дар Марказ семинарҳо, мизҳои мудаввар, конференсияҳо, симпозиумҳо ва дигар ҳамоишҳои илмию амалӣ баргузор карда шуда, равандҳои таъмин ва татбиқи сиёсати гендерӣ таҳқиқу баррасӣ мешаванд.