Шуъбаи сифати таълим ва мониторинги сифати таҳсилот

ШУЪБАИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ВА МОНИТОРИНГИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

                             

Изатуллозода Фарзона Изатулло

Сардори шуъбаи сифати таълим ва мониторинги сифати таҳсилот

Тел: +992901031387

Email: farona.did@mail.ru

 

Маълумоти умумӣ дар бораи шуъба

         Шуъбаи сифати таълим ва мониторинги сифати таҳсилоти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Шӯрои олимони Академия аз 30 сентябри соли 2021, таҳти №2/11 таъсис дода шудааст.

Шуъбаи мазкур фаъолияташро дар асоси талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.2018, №94), Оинномаи Академия, “Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ монда шудааст.

Мақсади асосии фаъолияти шуъба

Мақсади асосии фаъолияти шуъбаи сифати таълим ва мониторинги сифати таҳсилот таҳлили ҳамаҷонибаи сифати воқеии таълиму тарбия, танзими ҳуҷҷатгузорӣ ва муайянкунии самтҳои беҳдошти он дар Академия мебошад.

Мониторинг ҳамчун низоми доимии ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва паҳнкунии иттилоот оид ба таҳсилот ва қисмҳои алоҳидаи он, барои таъмини беҳдошти раванди идоракунии таълим равона карда шудааст, ки дар асоси он вазъи таҳсилот дар Академия инъикос меёбад ва дурнамои инкишофи он муайян карда мешавад.

Вазифаҳои шуъба

- муайян намудани заминаҳои илмию методии гузаронидани мониторинги сифати тайёр намудани мутахассисон аз рӯи самт (ихтисос)-ҳо дар Академия;

- муайян намудани масъалаҳои илмию методии такмил додан ва татбиқ намудани технологияи иттилоотии муосир дар раванди ташкил ва гузаронидани корҳои таълимию методӣ, илмию тадқиқотӣ ва тарбиявӣ;

- такмил додани сифати барномаҳои таълимии самт (ихтисос)-ҳои Академия, бо мақсади таъмин намудани мутобиқати онҳо ба талаботи стандартҳои байналмилалии таҳсилоти миёнаи касбӣ.

- мураттаб сохтани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва методӣ ҷиҳати гузаронидани мониторинги назорати сифати тайёр намудани мутахассисон дар Академия.

- таҳия ва истифодаи усулҳои муосири назорат ва таҳлили сифати таълим;

- таҳия ва мувофиқат намудани барномаҳои кории фан (Syllabus)-ҳо ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ.

- назорати фаъолияти кафедраҳо оид ба таҳия намудани барномаҳои кории фан (Syllabus)-ҳо ва муайян намудани мувофиқати мазмуну мундариҷаи онҳо ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимӣ аз рӯи самт (ихтисос)-ҳо;

- таъмини риояи талабот оид ба муайян намудани пайдарҳамии мавзӯи машғулиятҳои дарсӣ, иҷрои ҳаҷми кредитҳо (воҳидҳои санҷишӣ) аз рӯи шаклҳои гуногуни ташкил ва гузаронидани корҳои таълимии дар нақшаи таълимӣ оид ба фанҳо пешбинишуда;

- муайян намудани ақидаи донишҷӯён оид ба сифати гузаронидани машғулиятҳои дарсӣ аз ҷониби омӯзгорон, татбиқи усулҳои фаъоли таълим, баланд бардоштани сифати ташкил ва гузаронидани корҳои таълимӣ дар Академия ;

- фароҳам овардани шароит барои мубодилаи озоди афкор дар байни донишҷӯ ва омӯзгор, омӯзгор ва роҳбарият, тарбияи донишҷӯ дар руҳияи эҳтироми гуногунақидагӣ;

- фароҳам овардани фазои якдигарфаҳмӣ ва эҷодӣ ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, аз бар намудани илму дониш ва ташаккул додани худшиносии миллӣ дар донишҷӯён;

- такмил додани сифати машғулиятҳои дарсӣ бо мақсади дар рафти гузаронидани корҳои таълимӣ, тарбия намудани донишҷӯён дар руҳияи мустақилият ва ташаббускорӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, баланд бардоштани ҳисси эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллию умумибашарӣ ва ахлоқиву маънавӣ дар онҳо аз ҷониби омӯзгорони фаннӣ.

-   таҳқиқ ва таҳлили натиҷаҳои мониторинг дар шакли:

- баҳодиҳӣ ба ҳолати низоми таҳсилот дар Академия ва дигаргуниҳои дар он бавуҷудоянда;

- таҳлили муқоисавии дастовардҳои таълимии донишҷӯён дар давраи дар Академия таҳсил намудани онҳо;

- таҳияи талаботи меъёрӣ барои омӯзгорони Академия дар самти амалӣ гардонидани корҳои назоратию баҳогузорӣ ба дараҷаи донишандӯзии донишҷӯён аз ҷониби онҳо;

-   тавсифи сифати дарси омӯзгорон дар шакли:

- таҳлил ва баҳодиҳӣ ба фаъолияти онҳо аз рӯи сифати гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ, лабораторӣ, семинарӣ ва корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор;

- мураттаб сохтани тавсияҳои методӣ ба омӯзгорон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот дар Академия;

- тартиб додани саволнома барои таҳлил ва баҳодиҳӣ ба сифати машғулиятҳои лексионӣ ва амалии омӯзгорони фаннӣ;

- назорат аз рӯи ҳолати алоқамандии мазмуни назариявии лексия бо амалия ва соҳаи касбии мутахассиси оянда, дараҷаи навоварии лексия, истифодаи адабиёти навтарин ва маводи матбуоти даврӣ дар лексияҳо, аз ҷиҳати назариявӣ асоснок гардонидани маводи лексионӣ, инъикоси проблемаҳои муҳимтарин, мантиқан дуруст гузоштани саволҳо дар машғулиятҳои лексионӣ, хусусияти тарбиявӣ доштани лексия, маданияти нутқи омӯзгор (тарзи баён, саҳеҳ, равон ва бурро будани нутқи онҳо) ва ғайра.

- таҳлил ва баҳодиҳӣ ба сифати дарсҳои лексионӣ ва машғулиятҳои амалии омӯзгороне, ки ба вазифаи ассистент, омӯзгори калон, дотсент ва профессор тавсия мешаванд.

- фаъолияти таҷрибавию озмоишӣ дар шакли:

- ташхиси раванди самаранокии таҳсилот дар Академия;

- ҷустуҷӯ ва коркарди маводи ташхисӣ, ки раванди сифатнокии таълимро таъмин менамоянд;

- омӯзиши омилҳои ба сифати таҳсилот таъсиррасонанда;

- таҳлили мунтазам ва обеъктивонаи раванди таълим ва дараҷаи азхудкунии барномаҳои таълимии фанҳо аз ҷониби донишҷӯён тибқи талаботҳои стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимӣ;

- муайян намудани сатҳи мувофиқат намудани барнома ва нақшаҳои таълимӣ ба болоравии сифати таълим;

- баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот дар асоси принсипи шакли охирини назорат оид ба фанни таълимӣ - зинаи муҳими алоқаи байни омӯзгор ва донишҷӯ;

- таҳлили дараҷаи азхудкунии барномаи таълимии ин ё он фан аз ҷониби донишҷӯён;

- таҳлили усулҳои ба талаботи муосир мувофиқаткунандаи таълим;

- гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар масъалаҳои сифати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар Академия.

- баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон дар шакли:

- ташкилу омӯзиши курсҳои педагогика, маҳорати омӯзгорӣ, равоншиносӣ барои омӯзгорони ҷавон. Шинос намудани омӯзгорон бо усулҳои муосири таҳсилот;

- ба роҳ мондани тарзи обективонаи гузориши баҳо ба дараҷаи азхудкунии дониши донишҷӯён;

-   ба вуҷуд овардани базаи маълумот бо истифода аз шабакаи Интернетӣ, китобхонаи электронӣ ва ғайра барои таъмини мониторинги сифати таҳсилот.

-   иштирок дар аттестатсияи касбии омӯзгорони самт (ихтисос)-ҳои амалкунандаи Академия.

- назорат аз рӯи вазъи ҳуҷҷатгузорӣ, таҳияи маводи таълимию методии кафедраҳо дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот дар Академия.

-   гузаронидани тарзҳои гуногуни назарсанҷӣ дар байни донишҷӯён ва омӯзгорони Академия оид ба муайян намудани масъалаҳои дар раванди таълим ҷойдошта.

-   таҳия намудани маълумот ва ҳисоботи семоҳаи шуъба ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои олимони Академия.

Фаъолияти кормандони шуъба

      Кори шуъба аз ҷониби сардори шуъба идора карда мешавад. Воҳидҳои сохтории шуъба аз вазифаи сармутахассис ва мутахассис иборат аст. Воҳидҳои дигар вобаста ба тағироти самти кори шуъба дар робита бо инкишофи низоми сифати таҳсилоти олии касбӣ ворид карда мешавад. Сардори шуъба тибқи фармоиши Ректори Академия ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Ҳадафи шуъба

      Ҳадафи асосии шуъбаи сифати таълим ва мониторинги сифати таҳсилот ташкили назорат, таҳлил ва муайян намудани дурнамои беҳдошти сифатии тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дар бозори дохилӣ ва берунии меҳнат рақобатпазир мебошад. Идоракунии сифати таҳсилот дар Академия, гузаронидани мониторинги низоми сифати тайёр намудани мутахассисон ва муайян намудани масъалаҳои ба баланд бардоштани сифати таҳсилот алоқаманд, амалӣ гардонида мешавад.