|
Қодиров Зоҳир Қодирович
номзади илмҳои фалсафа, дотсент
Мудири кафедраи фалсафа ва илмҳои гуманитарӣ
Тел: (+992) 1111-22-723
E-mail: zohir-85@mail.ru
Кафедраи фалсафа ва илмҳои гуманитарӣ баъд аз ивази номи муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муассисаи «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 29 феврали соли 2020, таҳти №1463 дар заминаи собиқ кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ таъсис дода шудааст.
Кафедраи фалсафа ва илмҳои гуманитарӣ яке аз марказҳои муҳими илмию таълимӣ дар сохтори Академия ба шумор рафта, фаъолияти он тибқи бунёди илмҳои иҷтимоию гуманитарӣ сурат мегирад.
Фаъолияти асосии кафедра тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар мавзуҳои бунёдии «Омӯзиши масоили фалсафӣ-таърихӣ ва фарҳангӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ» (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон) сурат гирифта, мақолаю барномаҳои таълимӣ, инчунин, китобҳои дарсӣ таҳия ва таълиф мегарданд.
Ҳадафи кафедра таҳияи технологияҳои махсуси таълим, сохтори муайяни таъминоти методии тамоми раванди таълим буда, барои тайёр кардани мутахассисоне ҷаҳд мекунад, ки бо донишу малакаҳои зарурии соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ мусаллаҳ буда, технологияҳои муосири идоракуниро хуб донанд. Инчунин дорои сатҳи баланди тафаккури фарҳангӣ, малакаи коркард ва қабули қарорҳое, ки фаъолияти самараноки мақомотро таъмин месозад, мусоидат намудан ба рушди кадрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини раванди таълим бо барномаҳои касбӣ мансуб дониста мешавад.
Кафедраи фалсафа ва илмҳои гуманитарӣ кафедраи умумиакадемиявӣ ба шумор рафта, дар зинаи таҳсилоти магистратура ва доктор PhD аз рӯйи ихтисос тадриси фани фалсафа ва методологияи тадқиқоти илмӣ, ки ба кафедра вобаста шудаанд дар шакли – дарсҳои лексионӣ, семинарӣ ва амалӣ; коркарди барномаҳои таълимии мувофиқ ба самтҳои идоракунии давлатӣ, таъмини усулҳои инноватсионӣ, сифати баланд дар ҷараёни таълим бо назардошти дастовардҳои муосири илмӣ ва амалӣ; ташкили санҷишҳои фосилавӣ ва ҷамъбастӣ; ташкили имтиҳони минимум; таҳияи саволномаҳои имтиҳонӣ, санҷишӣ ва контролӣ; матнҳои лексионӣ, коркардҳои методӣ ва барномаҳои таълимӣ барои фанҳои марбути кафедра; дастур ва воситаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ; ташаккул додани маҳоратҳои касбӣ профессионализм, масъулятнокӣ, ҷаҳонбинӣ, ҳуввияти миллӣ, ташаккули фарҳанги нав ва омода намудани мутахассисони касбии соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар ҳама зинаҳои идоракунӣ; таҳлили мониторинги системаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ошкор намудани проблемаҳои соҳаи идоракунии давлатӣ дар ҷумҳурӣ ва ташаккули дурнамои таҳқиқоти илмӣ-амалии он; фаъолияти таълимӣ, илмӣ – методӣ ва илмӣ бо мақсади тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ бо истифода аз дастовардҳои илми муосир ва амалияи пешқадам.
Кафедра вазифаи худро аз он иборат медонад, ки мутахассисони ҷавон ва хизматчии давлатиро то ба дараҷаи инсони бомаърифати қодир ба ҷаҳонфаҳмию ҷаҳондарккунии мустақилона дар шароити ҷаҳонишавии замони муосир бирасонад.