Кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ

 

       

 

Додихудоев Раҷабалӣ Муҳаммадиевич

номзади илмҳои филологӣ, дотсент

Мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ

тел: (+992) 107000104

E-mail: bestmuslim@mail.ru

 

 

 

 

Кафедраи забони тоҷикӣ ва ҳуҷҷатнигории факултети дипломатия ва сиёсат ҷузъи асосии таълимӣ, методӣ ва илмии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 2019 таъсис ёфтааст. Фаъолияти таълимию тарбиявии донишҷӯён ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро оид ба масъалаҳои забони давлатӣ, рушд ва мавқеи истифодаи он дар мақомоти давлатӣ, коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ, маҳорати суханварӣ, методологияи таҳқиқи илмиро ба роҳ монда, дар самти иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ саҳм мегузорад.

 Ҳадаф ва фаъолияти кории кафедра баҳри татбиқи самараноки санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба забони тоҷикӣ равона гардида, мувофиқи он нақша ва барномаҳои таълимии кафедра (силлабусҳо) ва чорабиниҳои илмӣ таҳия мегарданд ва дар ин замина омӯзгорони кафедра корҳои зеринро ба анҷом мерасонанд:

– ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, семинарӣ, амалӣ ва дигар намудҳои машғулиятҳои таълимӣ тибқи нақшаҳои таълимии Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомумзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– роҳбарӣ ба корҳои таълимию методӣ, рефератҳо, таҷрибаомӯзӣ, корҳои мустақилонаи донишҷӯён, ташкил ва гузаронидани суҳбат ва санҷишу имтиҳонҳои ҷорӣ;           

– таҳия ва табъу нашри барномаҳои таълимӣ оид ба фанҳои тадрисшаванда;

– таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, маҷмӯаҳои таълимию методӣ ва дигар маводи методӣ вобаста ба нақшаҳои таълимӣ ва самтҳои нави тахассус;

– ба роҳ мондани корҳои илмию тадқиқотӣ;

– пешниҳод намудани таълифоти анҷомёфта барои баррасӣ ба Шӯрои илмӣ-методии Академия;

– баррасии нақшаву барномаҳои инфиродии таълимӣ, илмӣ, методӣ ва корҳои тарбиявии устодон  ва кормандони кафедра;

– омӯзиш, баррасӣ ва татбиқи таҷрибаи пешқадами омӯзгорони кафедра;

– дастгирӣ ва ёрии методӣ ба омӯзгорони ҷавон барои такмили маҳорати педагогии онҳо;

– ташвиқу тарғиби дастовардҳои илмии омӯзгорон ва кормандони кафедра, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба рушди забони давлатӣ ва маҳорати суханварӣ;

– ташкил, баррасӣ ва муҳокимаи «дарсҳои кушод»-и устодони кафедра.

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ ва таълимии кафедра иборат аст аз:

  •  татбиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ;
  • мусоидат намудан дар амалӣ гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
  • таълими Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ барои донишҷӯён, магистрантҳо ва хизматчиёни давлатӣ;
  • вазъи забони давлатӣ ва истифодаи он дар мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • омӯзиши асосҳои коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ барои донишҷӯён, магистрантҳо ва хизматчиёни давлатӣ;
  • аз таърихи дастуру санаднигорӣ дар корҳои давлатӣ ва идории ниёгон;
  • моҳият ва мазмуни маҳорати суханварӣ ва фарҳанги сухан;
  • фасоҳат ва балоғати сухани донишҷӯён, магистрантҳо ва хизматчиёни давлатӣ;
  • омӯзонидани Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» №358, аз 28 июли соли 2017.

Айни замон аз ҷониби кафедра фанҳои зерин таълим дода мешаванд:

  1. Забони тоҷикӣ;
  2. Коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ;
  3. Риторика (санъати суханварӣ);
  4. Адабиёти ҷаҳон;
  5. Хати академӣ.

Дар назди кафедра маҳфили илмии “Минои хирад” фаъолият намуда, ҳар моҳ тибқи нақшаи пешбинишуда доир мегардад.