Шуъбаи стипендия ва кор бо донишҷӯёни шартномавӣ

Нодирова Майрам Муҳибуллоевна

Сардори шуъбаи стипендия ва кор бо донишҷўёни шартномавӣ

Тел: +992901088008

E-mail: mnodirova93@mail.ru

 

Маълумоти умумӣ дар бораи шуъба

     Шуъбаи стипендия ва кор бо донишҷўёни шартномавии раёсати  молия ва баҳисобгирии муассисаи давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Низомнома оид ба таъйин ва пардохти стипендия ва кор бо донишҷўёни шартномавии муассисаи давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардани шакл ва намудҳои пардохти стипендияи донишҷўён ва донишҷўёни шартномавии Академия ба роҳ монда шудааст.

Мақсади асосии фаъолияти шуъба

   Мақсади асосии фаъолияти шуъбаи стипендия ва кор бо донишҷўёни шартномавии раёсати  молия ва баҳисобгирӣ дар асоси Низомномаи таъйин ва пардохти стипендияи донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомнома дар бораи муқаррар намудани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 1997, №100), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 сентябри соли 2010, №923 «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақаҳо ва стипендияҳо» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст, ба донишҷӯёни зинаи бакалавриат, магистратура, магистратураи Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон ва докторантони фалсафа (PhD) стипендия пардохт менамояд.

Вазифаҳои шуъба

Шуъба вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- Пешбурди ҳисоботи мубоҳисавӣ, назорати мақсадноки захираҳои моддӣ ва молиявии Академия;

- Таъмини назорати истифодаи мақсадҳои ва сарфакоронаи захираҳои моддӣ ва молиявӣ, саривақт ошкор намудани падидаҳои номатлуб  дар фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, пайдо ва равонасозии захираҳои дохилии хоҷагӣ;

- Пешгирии натиҷаҳои номатлуби фаъолияти хоҷагидории  Академия;

- Омодасозӣ ва ба сардори раёсат пешниҳод намудани маводҳои иттилоотӣ – таҳлилӣ дар бораи ҳолат ва дурнамои рушди ҳисоботи мубоҳисавӣ дар Раёсат;

- Ташкили ҳисоботи мубоҳисавӣ ва ва ҳисоботдиҳӣ дар асоси истифодаи василаҳои муосири техникӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, шакл ва усулҳои пешрафтаи баҳисобгирӣ ва назорат, ташкил ва пешниҳоди саривақтии иттилооти пурра ва саҳеси мубоҳисавӣ дар бораи фаъолияти Академия, вазъи молиявии он, даромадҳо ва хароҷот, коркард ва амалисозии чорабиниҳо ва мустаҳкамсозии интизоми молиявӣ;

- Саривақт тибқи тартиби муқарраргардида донишҷӯёни Академияро  бо стипендияҳои муқаррарӣ, стипендияҳои номӣ, стипендияи Президентӣ ва сари вақт супоридани шартномаи таҳсил ѓайраро таъ­мин ме­кунанд;

- Лоиҳаи нақшаи кории дурнамо ва солонаи муҳосиботро бо назар­дошти ҳамаи шаклҳои фаъолияташ ва ҳисоботи корашро тар­тиб ме­ди­­ҳад;

- Таъмини қонуният, барасмиятдарории саривақтӣ ва дурусти ҳуҷҷатҳо, стипендияҳои муқаррарӣ, стипендияҳои номӣ, стипендияи Президентӣ ва сари вақт супоридани шартномаи таҳсил, ҳисоб ва пародохти андозҳо;

- Назорат аз болои риояи талаботи барасмиятдарории ҳисоб ва уҳдадориҳои пардохти, харҷи фонди стипендияҳои муқаррарӣ, стипендияҳои номӣ, стипендияи Президентӣ ва сари вақт супоридани шартномаи таҳсил;

- Таъмини риояи қатъии харҷҳои басти корӣ, молиявӣ ва интизоми хазинавӣ, сметаи харҷҳои молиявию хоҷагидорӣ, қонунӣ будани аз эътибор соқитнамоӣ, барасмиятдарорӣ ва тибқи тартиботи муқарраргадида супоридан ба бойгонӣ;

- Усулҳои пешқадами ташкили стипендияҳои муқаррарӣ, стипендияҳои номӣ, стипендияи Президентӣ ва сари вақт супоридани шартномаи таҳсил ва идоракуниро дар муҳо­си­бот ҷорӣ мекунад.

Фаъолияти кормандони шуъба

      Кори шуъба аз ҷониби сардори шуъба идора карда мешавад. Воҳидҳои сохтории шуъба аз вазифаи сармутахассис ва мутахассиси пешбар иборат аст. Масалаи даровардани тағйирот ба сохтор ва тартиби қатъ намудани фаъолияти шуъба тибқи тартиби муқарарнамудаи Оинномаи Академия амалӣ карда мешавад. Сардори шуъба тибқи фармоиши Ректори Академия ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.