Кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқ

 

       

 

Холинова Мижгона Муборакшоевна

Мудири кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқ

номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент

Тел.:(+992) 93 – 401 – 75 – 50

 E-mail: kholinova8@mail.ru

 

 

 

 

Кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқ бо қарори Шурои олимони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми августи соли 2023, №1/1 дар заминаи кафедраи ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ дар назди факултети ҳуқуқшиносии Академия ташкил карда шудааст.

Таърихи кафедра

Кафедраи ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ бо қарори Шурои олимони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи  соли 2019, №1 дар назди факултети дипломатия ва сиёсати Академия таъсис ёфта то моҳи августи соли 2023 фаъолият намудааст.

Бо қарори Шурои олимони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми августи соли 2023, №1/1 дар Академия факултети ҳуқуқшиносӣ ташкил ёфта, кафедраи мазкур бо ҳамин қарор ба кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқ иваз карда шуда, аз факултети дипломатия ва сиёсати Академия ба тобеияти факултети ҳуқуқшиносӣ гузаронида шудааст.

Роҳбарии кафедраро аз давраҳои аввали ташкилшавӣ то моҳи декабри соли 2023 номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Мирзоев Парвиз Исроилович бар уҳда дошт.

Айни замон роҳбарии кафедраи мазкурро номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Холинова Мижгона Муборакшоевна ба зимма дорад.   

Ҳайати кормандони кафедраро докторон, номзадони илм, дотсентон ва ассистентон  ташкил медиҳанд. Ҳайати профессорону кормандони кафедраро 22 нафар омӯзгорон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии устодону омӯзгорон 5 нафарро кормандони доимӣ, 7 нафарро ҳамкорони дохилӣ ва 10 нафарро ҳамкорони берунӣ ташкил медиҳанд.

Аз ҷумла, дар кафедра 2 нафар доктори илм, 11 нафар  номзади илм, дотсент, 3 муаллими калон ва 6 ассистентони соҳибтаҷриба фаъолият дошта, ба донишҷўёну магистрантон бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) машғулиятҳои илмӣ-амалӣ мегузаронанд.

Фаъолияти асосии кафедра тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар мавзӯҳои гуногуни соҳаи идоракунии давлатӣ, интишори мақолаҳои илмӣ дар самти мазкур, чопи китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ, омода намудани монографияҳо ва диссертасияҳои илмӣ  саъй менамояд. 

Ҳадафи кафедра таҳия ва истифодаи технологияҳои гуногуни муосири таълим, таъминоти усулҳои муосири ҷараёни таълим буда, барои тайёр кардани мутахассисоне талош меварзад, ки соҳиби донишу малакаи зарурии соҳаи идоракунии давлатӣ, хизмати давлатӣ ва маърифати баланди ҳуқуқианд ва инчунин технологияҳои муосири идоракуниро хуб медонанд. Донишҷӯён ва магистарантон дар ҷараёни таҳсил бояд ба сатҳи баланди фарҳангӣ, донишу малакаи коркард ва қабули қарорҳое, ки фаъолияти самараноки зинаҳои гуногуни мақомоти ҳокимияти давлатиро таъмин месозанд расанд ва ба рушди кадрии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоянд. 

Вазифаҳои асосии кафедра:

 1) омода намудани мутахассисони касбии соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, ҳамзамон дар донишҷӯён ташаккул додани ҳисси масъулиятшиносӣ, соҳибкасбӣ, ҷаҳонбинии муосир, ҳувияти миллӣ, ташаккули фарҳанги нав ва захираи сифатан нави иқтидори кадрӣ барои ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ;

2) коркарди барномаҳои таълимии мувофиқ ба амалияи муосири асосҳои ҳуқуқии идоракунии давлатӣ, таъмини усулҳои инноватсионӣ дар ҷараёни таълим, таъмини сифати баланди таълим бо дарназардошти дастовардҳои илмӣ ва амалӣ;

3) таҳлил ва омӯзиши низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунҳо ва санандҳои зерқонунии соҳаи низоми идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ҷиҳати ошкор намудан ва ҳаллу фасли проблемаҳои ҷойдошта ва дар ин замина омода намудани дурнамои тадқиқоти илмӣ-амалӣ;

4) фаъолияти таълимӣ, илмӣ – методӣ ва илмӣ бо мақсади тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ бо истифода аз дастовардҳои илмии муосир ва амалияи пешқадам анҷом дода мешавад.

Ҳадафи дигари кафедра тайёр кардани мутахассисони рақобатпазир дар бозори таҳсилоти олии касбӣ мебошад, ки қобилият ва маърифати баланди идоракунӣ ва малакаи коркард ва қабули қарорҳоеро дошта бошанд, ки фаъолияти самараноки мақомоти ҳокимияти давлатиро таъмин намоянд.

Айни замон дар кафедра 18 фаннӣ таълимии зерин омӯзонда мешавад:

1. Ҳуқуқ (аз руи ихтисос)

2. Назарияи идоракунии давлатӣ

3. Таърихи идоракунии давлатӣ

4. Таърихи афкори сиёсӣ-ҳуқуқӣ

5. Ҳуқуқи инсон

6. Таърихи афкори идоракунӣ

7. Назарияи давлат ва ҳуқуқ

8. Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон

9. Таърихи ҳуқуқи инсон

10. Проблемаҳои назарияи давлат ва ҳуқуқ

11. Таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷӣ

12. Ҳуқуқи ҷиноятӣ қисми махсус

13. Ҳуқуқи ҷиноятӣ

14. Таърихи афкори сиёсӣ-ҳуқуқӣ

15. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

16. Ҳуқуқи ҷиноятиӣ

17. Фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷуӣ

18. Таърихи таълимоти идоракунии давлатиӣ

Дастовардҳои сохтори кафедра иборат аз се маҷаллаи мақолаҳои илмии конференсия ҷумҳуриявӣ ва як маҷаллаи илмии конференсияи байналмилалӣ иборат мебошад. Дигар дарсторвардҳо дар чопи воситаи таълимӣ аз фаннӣ “Ҳуқуқ”, монографияҳо ва дастурҳои таълимии устодони кафедра мебошад. Мувофиқи  нақшаи тасдиқшудаи кафедра аз моҳи марти соли 2022 устони кафедра дар як моҳ ду устоди кафедра мақолаҳои (КОА) ба маҷаллаи Академия месупоранд.

Дар назди  кафедра  маҳфили зерин амал мекунад:

Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён “Давлатшинос” фаъолият мекунад. Дар доираи он донишҷӯён ва магистрантон имкон доранд, ки масъалаҳои муосири ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ намоянд, аз он ҷумла ҳифзи ҳуқуқи инсон дар хизмати давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон дар низоми СММ, баробарии гендерӣ ва табъиз нисбати занон дар замони муосир, татбиқнамоии шартномаҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ ба итилоот ҳамчун ҳуқуқи иҷтимоии инсон ва шаҳрванд ва ғайраро  мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

Мавзӯи илмӣ-тадқиқотии кафедра бароидавраи солҳои 2021-2025:Мувофиқи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, кафедраи ҳуқуқ ва ҳуқушиносии муқоисавӣ айни ҳол назарияи давлат ва ҳуқуқ дар самти “Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон” корҳои - тадқиқотӣ ба роҳ мондааст.