Дар доираи чорабинӣ вохӯрии расмии намояндагони Академия дар ҳайати Исматзода С.С., Бобозода А.О., Назарзода А.С. бо ноиби Президент Академияи миллии идоракунии Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом дода шуд.
Инчунин, 17 октябри соли 2024 дар Академияи милли идоракунии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи Шабакаи ҳамкориҳои академияҳои маъмурии қолаби Осиёи Марказӣ – Чин семинар дар мавзӯи «Ҳамкории муштарак оид ба навсозии иқтидори идоракунӣ» баргузор гардид. Семинари мазкур конференсияи солонаи мубодилаи академӣ буда, иштирокчиени он намояндагони муассисаҳои узви шабакаи ҳамкорӣ, аз ҷумла роҳбарони Академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин коршиносон ва олимони соҳаҳои марбута мебошанд.
Дар чорабинии мазкур Исматзода Сомон Сулаймон – ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, суханронӣ намуданд. Инчунин дар кори семинар Гун Вэйбинь, ноиби президенти Академияи миллии идоракунии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Алим Аннамирадов – ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Туркманистон, Адхам Бекмурадов – ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, Улан Бекиш – ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва Турдубек Жапаров – ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар мавзӯи «Ҳамкории муштарак оид ба навсозии иқтидори идоракунӣ» суханронӣ намуда, усулҳо ва коркардҳои самараноки кишварҳои худро дар самти баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва тайер кардани кадрҳо мубодила намуданд. Дар интиҳои семинар Ли Веньтан – ноиби президенти Академияи миллии идоракунии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сухани ниҳоӣ баромад кард.
Баромадкунандагон диққати худро ба такмили имкониятҳои идоракунӣ равона намуда, дар мавзӯъҳои «ташаккули сифатҳои роҳбарӣ», «идоракунии рақамӣ» ва «иқтисоди сабз» суханронӣ ва мубодилаи андеша карданд. Иштирокчиёни шабакаи ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда муҳокимаҳои илмӣ ва таҳқиқоти муштарак дар мавзуҳои марбут баргузор хоҳанд шуд.