Таҳти чунин унвон, санаи 31 – уми октябри соли 2024, бахшида ба 30 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва иқтисодӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди қонунгузории маданӣ» баргузор гардид, ки дар кори конфронс олимони соҳа ва устодону донишҷӯён иштирок доштанд.
Зимни ифтитоҳи конференсия, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷурахон қайд намуд, ки яке аз махсусияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он нуҳуфта аст, ки масъулияти давлатро дар самти эътирофнамоӣ, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон муқаррар менамояд. Инчунин, дар он пешбинӣ мегардад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.
Дар кори конференсия Маҳмудзода Маҳкам Аъзам – академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор дар мавзуи «Рушди конститутсионализм дар Тоҷикистони соҳибистиқлол», Раҳимзода Маҳмад Забир – узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор дар мавзуи «Кодекси маданӣ: таърих ва муосир», Ғаюров Шукрулло Кароматуллоевич – мудири кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор дар мавзуи «Нақши Конститутсия дар қабул ва рушди Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон», Абдуҷалилов Абдуҷаббор – мудири шуъбаи ҳуқуқи хусусии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент дар мавзуи «Цифровое право в контексте гражданского кодекса Республики Таджикистан», Маҳмудов Изатулло Тешаевич – мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент дар мавзуи «Заминаҳои ҳуқуқии таҳия, қабул ва такмили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҳошияи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024)», Меликов Умрилло – профессори кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – кафили таъмини озодии сухан ва воситаҳои ахбори омма», Раупова Манзура Турсуновна – профессори кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва иқтисодии факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар мавзуи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими судҳои иқтисодӣ дар давраи истиқлолият» ва дигарон бо мавзӯъҳои қобили таваҷҷуҳ маърӯзаҳо намуданд.
Дар идома баромадкунандагон қайд намуданд, ки кори конференсияи ҷумҳуриявӣ дар фазои хуби илмӣ баргузор гардида, натиҷаҳои он баҳри таҷдиди қонунгузорӣ мусоидат мекунанд. Дар конференсия, вобаста ба мавзуҳои баррасишаванда муҳокима ва мубодилаи афкор сурат гирифтанд.
Дар қисмати дуюми рӯз конференсия кори худро дар ду бахш идома дода, дар он зиёда аз 30 маърӯза бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шакли бевосита ва ғоибона пешниҳод гардиданд. Маърӯзаҳои мавриди баррасиӣ қарор гирифта, фарогири масъалаҳои мубрами Конститутсия ҳамчун сарчашмаи қонунгузорӣ ва паҳлуҳои алоҳидаи падидаҳои ҳуқуқӣ дар доираи Кодекси маданӣ буданд.
Иштирокчиён баргузории чунин конференсияи сатҳи баландро нишон аз Ваҳдати миллӣ, тинҷиву амонӣ ва самараи Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуда, таъкид карданд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад.
Дар фарҷоми конференсияи мазкур, баҳри болидарӯҳии иштирокчиён аз тарафи бахши фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академия барномаи омоданамудаи фарҳангӣ бахшида ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш карда шуд.