Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

МАРОСИМИ ХАТМИ ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РЎЙИ БАРНОМАИ ГЛОБАЛИИ РОҲБАРӢ ДАР ОЗМОИШГОҲҲО (Global Laboratory Leadership Programme)

1 ноябри соли 2024, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими хатми шунавандагони курси такмили ихтисос аз рўйи Барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо (GLLP) баргузор гардид.

Боиси ифтихору шарафмандист, ки дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғафур Муҳсин, муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинзода Маҳмуд Ширинҷон, Муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо Суфиҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ректори Академия Даврон Сафарзода дар суханронии худ ба Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сарпарастии татбиқи барномаи мазкур, ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи амнияти озуқаворӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои ҳамкорӣ ва мусоидат дар баргузории курс, инчунин ба роҳбарияти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Фонди глобалӣ барои мубориза бо бемории норасоии маснунияти бадан (СПИД), сил ва вараҷа ва Барномаи глобалии амният дар соҳаи тандурустии ташкилоти (USAID) ҷиҳати дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба масъалаҳои рушди корҳои лабораторӣ дар Ватани азизамон миннатдории худро изҳор намуд.

Гуфта шуд, ки барои иштирок дар курси такмили ихтисос аз рӯи Барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо (GLLP) шунавандагон аз тамоми минтақаҳои кишвар тариқи озмун роҳхат ёфта, тули як сол бо назардошти таъмини тамоми хароҷоти онҳо таҳсил намуданд. Шунавандагон аз рӯи 10 салоҳияти роҳбарӣ омӯзонида шуда, барои онҳо табодули таҷриба бо мутахассисони миллӣ ва байналмилалӣ гузаронида шуд.

Боиси хушнудист, ки имрӯз 16 нафар мудирону мутахассисони озмоишгоҳҳои ҷумҳурӣ курси такмили ихтисосро аз рӯи Барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо (GLLP) муваффақона хатм намуданд ва соҳиби дипломи муқаррарӣ гардиданд. Дар баробари ин, аз моҳи октябри соли ҷорӣ 20 нафари дигар дар курси мазкур аз тамоми минтақаҳои кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Муовини Сарвазири мамлакат Мансурӣ Дилрабо Сайдулло зимни баромади худ иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати 30- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33- солагии Истиқлоли давлатӣ табрику муборакбод гуфта, қайд намуд, ки дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ собит менамоянд, ки дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишварамон пешравиҳо ба назар мерасанд. Аз ҷумла, дар масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, раванди таълим ва ҷалби хизматчиёни давлатӣ дар курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, ҷиҳати аз худ кардани донишҳои назариявию амалӣ ибрози андеша намуд.

Дилрабо Мансурӣ маросими хатми шунавандагони курси такмили ихтисос аз рўйи барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳоро яке аз василаҳои баланд бардоштани таҷриба, мубодилаи афкор ва ба ҳолатҳои пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ муҳимму саривақтӣ арзёбӣ намуда, татбиқи донишҳои назариявии шунавандагонро дар раванди истеҳсолот мувофиқи мақсад шуморид.

Зимнан бояд гуфт, ки тибқи супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2023, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси роҳбарони озмоишгоҳҳои кишвар, ҷиҳати рушди малакаи касбӣ, дар сатҳи дахлдор ба роҳ мондани хизматрасонии сифатнок ва баланд бардоштани сатҳи идоракунии роҳбарони озмоишгоҳҳо дар ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (WHO) санаи 26 июни соли 2023 Маркази барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо (GLLP) дар назди Академияи идоракунии давлатӣ таъсис дода, дар заминаи он курсҳои такмили ихтисос барои мудирону мутахассисони озмоишгоҳҳои ҷумҳурӣ баргузор намуда истодааст.

Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки курси мазкур бо ҷалби олимон ва коршиносони соҳа аз Академия ва вазорату идораҳои дахлдори гузаронида шуд.

Ёдовар мешавем, ки Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдомҳои муосир ва барномаҳои самаранок дар оянда низ дар рушди мутахассисон ва роҳбарони соҳаи идоракунӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.