Дар шаҳри Роғун аз ҷониби Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси сайёри такмили ихтисос барои муовинони раис ва мутахассисони пешбари ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рўйи барномаи «Нақши мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар пешгирии терроризм ва экстремизм» дар ҳаҷми 24 соат ҷамъбаст гардид.
Дар ҷамъбасти курси мазкур, муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Шуҳрат Раҷабов, муовини раиси шаҳри Роғун Қудратулло Сафарализода ва сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун Оятулло Ғаниев иштирок намуданд.
Тавре муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Шуҳрат Раҷабов иттилоъ дод, мувофиқи барномаи тарҳрезишуда дар ҷараёни курси мазкур шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» мавзуъҳо доир ба таҳдид ва хатарҳои ҷиноятҳои киберӣ дар замони муосир ва роҳҳои пешгирии он, сабабҳои гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва роҳҳои пешгирии он, коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ ва дигар масъалаҳои дахлдор мавриди омӯзиши шунавандагон қарор дода шудаанд.
Тибқи тартиби муқарраргардида, барои хатми бомуваффақона ба шунавандагони курси такмили ихтисос гувоҳномаҳо тақдим карда шуданд.