Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР МАВЗУИ «СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои сардорони сохторҳои кор бо ҷавонон ва варзиши вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид.

Дар ҷамъбасти курси мазкур муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Шоҳрух Ҳамидов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мувофиқи ҷадвали машғулиятҳо, дар раванди курси мазкур, шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавзуҳои Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд, унсурҳои асосии бунёди давлати муосир бо ҷаҳонбинии дунявӣ, забони коргузории мақомоти давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзуҳои қобили таваҷҷуҳ пешкаши шунавандагон гардонида мешаванд.

Дар фарҷоми чорабинӣ тибқи муқаррарот ба шунавандагони курси мазкур гувоҳномаҳо тақдим карда шуданд.