Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САФАРЗОДА ДАВРОН ҶУРАХОН БА МУНОСИБАТИ 30 - СОЛАГИИ РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Устодону донишҷӯён ва ҳамкасбони гиромӣ!

Ҳамаи Шуморо ба ифтихори 30 - солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, бароятон иқболи нек ва зиндагии босаодатро орзу менамоям.

Ҳамасола дар саросари мамлакат 6 - уми ноябр ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ин санаи тақдирсоз аз аввалин қадамҳои роҳбарияти кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон дар роҳи сохтмони ҷомеаи бонизом ва ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. Тоҷикистон бо қабули санади мазкур асосҳои сохти конститутсионии давлатдории худро мустаҳкам намуда, ба саҳифаи навини давлатдории миллӣ асос гузошт.

Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандони мо нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии мардум гардид.

Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад.

Гузашти солҳо собит намуд, ки роҳи пешгирифтаи мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик, ҷиҳати бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар Конститутсияи давлати соҳибихтиёри тоҷикон дарҷ шудааст, ягона роҳи дуруст ва таҷассумкунандаи манфиатҳои миллӣ, таконбахши рушди бонизоми давлат ва таъминсозандаи зиндагии орому босуботи ҷомеа мебошад.

Моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ирода ва манфиати халқи Тоҷикистон буда, мувофиқи меъёрҳои он таркиби сохтори ҷамъиятӣ, давлатӣ, низоми мақомоти давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, вазъи ҳуқуқии шахсони мансабдор ва салоҳияти онҳо муайян карда шудааст. Мазмуну иродаи ба шакли конститутсияи ҳуқуқӣ даровардашудаи халқ бояд ба конститутсияи ҳақиқӣ, яъне шароити моддӣ, маънавӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷамъият мувофиқат кунад.

Дар раванди давлатсозии миллӣ, таҳияи Конститутсияи фарогир, ки ҳамаи самтҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятиро дар бар мегирад, сарчашмаи ҷомеаи ҳуқуқӣ мебошад. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар давоми 30 соли амалишавии Конститутсияи Тоҷикистон ҷиҳатҳои ҳуқуқии тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар рушд кард, ки ин ҳама аз сулҳу субот ва пойдории ваҳдати миллӣ дар ҷомеа вобаста аст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама санади олии ҳуқуқие мебошад, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд муқаррар гардида, аз ҷониби давлат риоя ва ҳифзи онҳо кафолат дода шудааст. Дар навбати худ аҳолии мамлакат, низ уҳдадории конститутсионии худро дарк намуда, кӯшиш менамоянд, ки меъёрҳои волоҳуҷҷати миллиро риоя ва дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёди миллӣ татбиқ намоянд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳайати устодону кормандон ва шогирдони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурд ва амалисозии сиёсати ҳуқуқӣ ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, инчунин, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи қонунгузории миллии кишвар пешраву пешсаф ҳастанд ва минбаъд низ дар пайроҳаи иҷрои уҳдадориҳои конститутсионии худ устувор хоҳанд буд.

Бо гузашти 30 сол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз сокинони кишвари мо ифтихор доранд, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошанд, Конститутсияи ҷавобгӯй ба орзуҳои мардумӣ доранд ва дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунанд.

Дар охир бори дигар якояки Шумо устодону донишҷӯён, ҳайати кормандон ва магистрантону унвонҷӯёни Академияро ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику муборакбод гуфта, бароятон беҳтарин хушиҳои зиндагӣ ва ба мамлакати азизамон гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.