Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ИФТИТОҲИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮЙИ БАРНОМАИ “СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

Имрӯз, 18 - уми ноябри соли 2024 курси такмили ихтисос барои кормандони соҳаи тандурустӣ аз рӯйи барномаи “Сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд, оғоз гардид.

Дар оғози курси такмили ихтисос, ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълим Фирдавс Одиназода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия, Шоҳрух Ҳамидов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки курси такмили ихтисос як ҳафта идома меёбад ва тибқи барномаи таълимӣ барои шунавандагони курс шарҳи Кодекси одоби хизматчиёни давлатӣ, заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати давлатии шуғли аҳолӣ, технологияи рақамӣ дар самти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, заминаҳои ҳуқуқии кор бо шахсони имконияташон маҳдуд, психологияи муоширати касбӣ ва амсоли ин машғулиятҳо гузаронида мешаванд.