Имрӯз, 19 - уми ноябри соли 2024 бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори китобхонаи илмӣ ва электронии Академия даври Академиявии олимпиадаи фаннӣ аз руйи фанҳои таърих ва география ташкил ва баргузор гардид.
Тавре муовини сардори Раёсати илм ва инноватсия Пайрав Изатуллозода иттилоъ дод, бо мақсади шаффоф ва бо сифати баланд баргузор гардидани озмун, комиссияҳои босалоҳият таъсис дода шуда, раванди баргузории он бо усулҳои нави санҷиши сифати дониши донишҷӯён ба роҳ монда шудааст. Ҳадафи олимпиада, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосиру замонавӣ, дарёфти чеҳраҳои ихтироъкору эҷодкор ва ба ин васила таъмин намудани рушди илм ва муваффақиятҳо дар соҳаи маориф мебошад.