Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

МИЗИ МУДАВВАРИ ИЛМӢ ДАР МАВЗУИ «ПАРЧАМ - РАМЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ»

Таҳти чунин унвон, имрӯз 19-уми ноябри соли 2024 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявии факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввари илмӣ баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввари илмӣ раёсати Академия, ҳайати омӯзгорони факултети ҳуқуқшиносӣ, доктарантони PhD – и назди кафедра ва донишҷуён иштирок намуданд.

Чорабинии мазкурро мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявии факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Рустамзода Ҷумабек Юнус оғоз намуда, сухани ифтитоҳиро ба ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи Академия, номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишоев Карамалишо Нуралишоевич доданд. Мавсуф иброз намуданд, ки баргузории чунин чорабинии сатҳи баланди илмӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҷлили РӯзиПарчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст. Тавре, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, мардуми шарифи Тоҷикистон зери Парчами миллӣ ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расид ва мо сиёсати созандаву бунёдкоронаамонро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва эъмори ҷомеаи нав – ҷомеаи озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ минбаъд низ таҳти ин рамзи муқаддаси миллӣ амалӣ мегардонем.

Декани факултети ҳуқуқшиносӣ Исмоил Саъдиев қайд намуданд, ки Пaрчaми дaвлaтӣ дaр бaробaри Нишон вa Суруди миллӣ яке aз муқaддaсоти миллӣ вa рукнҳои муҳимми дaвлaтдорӣ мебошад. Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик, рамзи қудрату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллӣ ба шумор рафта, он дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ҷо намудааст.

Парчами давлатии Тоҷикистон бояд барои ҳар як сокини ҷумҳуриамон азиз бошад ва ҳар кас бояд маҳбубият ва садоқати худро ба он яъне ба миллати тоҷик нишон диҳад

Дар фарҷоми мизи мудаввари илмӣ миёни баромадкунандагон ва иштирокчиён оид ба паҳлуҳои гуногуни мавзуҳо саволу ҷавоб ва мубоҳиса сурат гирифт.