Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ»

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии факултети дипломатия ва сиёсат мизи мудаввар дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон – сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, олимон, коршиносон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат доштанд. Дар мизи мудаввар, нақш ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди устувор, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва таъмини амният дар минтақа ва ҷаҳон баррасӣ шуд.

Ҳамзамон, дар мизи мудаввар баррасии мавқеи Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳонӣ ва нақши ӯ дар таҳкими равобити байналмилалӣ, таҳлили аҳамияти Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар таъмини субот ва ваҳдати миллӣ, арзёбии саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди ташаббусҳои муҳими байналмилалӣ, бахусус, дар соҳаҳои об, экология ва амният, нақши Пешвои миллат дар ташаккули сиёсати хориҷии кишвар ва муайянсозии самтҳои асосии ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Маърӯзачиён нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун рамзи сулҳ ва ваҳдати миллӣ таъкид намуда, саҳми ӯро дар рушди равобити байналмилалӣ ва баланд бардоштани нуфӯзи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ назарас арзёбӣ намуданд.

Инчунин, бояд тазаккур дод, ки аҳли кормандони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастгириҳои пайваста ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кӯшиш менамоянд, ки бо омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ саҳми худро дар рушди устувор ва пешрафти кишвар гузоранд. Дар асоси дастурҳои Пешвои миллат, Академия фаъолияти худро барои баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кормандони давлатӣ ва тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир равона намудааст. Дар ин асно, омӯзиши таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат барои ҳама муфид мебошад, зеро дар фаъолияти мувафаққонаи ӯ роҳҳои муассири таҳкими истиқлоли давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар инъикос меёбанд.