15 ноябри соли 2024 Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон бо мақсади баррасии масъалаҳои асосӣ марбут ба дурнамои рушди идораи давлатӣ ва хизмати давлатӣ, инчунин таҷрибаҳои пешрафтаи байналмилалӣ баргузор гардид. Зимнан ёдовар бояд шуд, ки дар Конференсияи мазкур коршиносони қазоқӣ ва хориҷӣ, олимону муҳаққиқон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар қисмати расмии Конференсия бо иштироки Нурлан Маҷитович Абдиров – раиси Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷаксибек Абдраҳметович Кӯлекиев – арбоби ҷамъиятӣ, Алихон Муҳаммедович Байменов – раиси Кумитаи роҳбарикунандаи Хаби хизмати давлатӣ дар Остона, Дархон Медеғалиевич Жазиқбай – раиси Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба корҳои хизмати давлатӣ, Саясат Нурбек – вазири илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Дар ҳошияи Конференсияи мазкур баргузории бахши ректорони академияҳои идоракунии давлатӣ, ки дар он масъалаҳои дурнамо, имкониятҳои нави ҳамкорӣ миёни муассисаҳо, табодули таҷриба, инчунин баргузор намудани чорабиниҳо ва амалисозии барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Боиси тазаккур аст, ки дар бахши ректорон зимни баромади худ ректори Академия идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.п., дотсент Сафарзода Даврон Ҷурахон тамоми ҳайати Академия идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва иштирокдорони чорабиниро ба муносибати ин ҷашни муҳим самимона табрику шодбош гуфтанд.
Инчунин зикр гардид, ки Академия идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академия идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон тӯли солҳои зиёд ҳамкориҳои самарабахшро ба роҳ мондаанд. Гуфта шуд, ки Академияҳо дорои ҳадафҳо ва вазифаҳои муштарак ҳастанд, ки барои такмили хизмати давлатӣ, мубодилаи таҷриба ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълимӣ равона шудаанд. Изҳори итминон карда шуд, ки шарикии ҷонибҳо минбаъд низ ба манфиати Тоҷикистону Қазоқистон рушд менамояд.