Аз рӯи барномаи мазкур, 26-уми ноябри соли 2024 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар барои сармутахассисон(муҳандисони заминсоз) - и ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи бохтари вилоятиХатлон курси сайёри такмили ихтисос шуруъ гардид.
Дар расми ифтитоҳи курси мазкур директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Шоҳрух Ҳамидов, намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Шуҳрат Раҷабов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Курси мазкур аз 25 то 30-юми ноябри соли ҷорӣ идома ёфта, зимни машғулиятҳо мавзуҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Кумитаи бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати давлатии бехатарии озуқаворӣ, ҳамгироии ҳадафҳои рушди устувор дар стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, татбиқи сиёсати Пешвои миллат ва нақши он дар рушди иқтисодиёти миллӣ, ташхиси бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ва амсоли инҳо пешкаши шунавандагон гардонида мешаванд.
Ҳамзамон, дар ин давра барои шунавандагони курс вобаста ба мавзуҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар”, шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқшавии иҷтимоию психологии хизматчиёни давлатӣ, нақши хизматчиёни давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ машғулиятҳо гузаронида мешаванд.
Мувофиқи барнома, дар фарҷоми курс дар мавзӯи “Сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо” бо иштироки устодон ва мутахассисони соҳа мизи мудаввар доир хоҳад гашт.