26 ноябри соли 2024 тибқи барқияи фаврии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷадвали баргузории рӯзҳои ҳисоботдиҳии шуроҳои диссертатсионӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-044 оид ба ҳисоботи солонаи шуро дар соли 2024 бо иштироки намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои шурои диссертатсионӣ ва омӯзгорону унвонҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии Академия баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини раиси шуро, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Иброҳимов Солиҷон Иброҳимович оғоз намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуданд. Сипас, суханро барои ироаи ҳисоботи муфассал ба котиби илмии шуро, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Рустамзода Ҷумабек Юнус доданд.
Рустамзода Ҷ.Ю. оид ба ҳисоботи солонаи шуро дар соли 2024 қайд намуд, ки дар ин давра, дар шуро 9 ҷаласаҳои корӣ доир гардида, 9 мактуб ворид ва 11 мактуб содир карда шудааст. Ҳамзамон дар ин давра, ду диссертатсия бомуваффақият дифоъ карда шуда, як диссертатсия барои дарёфти дараљаи илмии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.14 – Ҳуқуқи маъмурӣ; ҳуқуқи мурофиаи маъмурӣ (илмҳои ҳуқуқшиносӣ) ҷиҳати таъсиси шурои якдафаъина дар баррасии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо фармоишҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлатзода Фаридҷон Мирзоалӣ ва Раҷабзода Мутеъулло Сафаралӣ дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дода шудааст.
Дар идомаи ҷаласа оид ба ҳисоботи солонаи шуро Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, Раупова Манзура Турсуновна, Раззоқов Баҳодур Ҳаётович, Муртазозода Ҷамшеди Саидалӣ, Лагутин Игор Борисович, Трофимов Егор Викторович ва Абдулхонов Файзали Маҳмудович суханронӣ намуда, дар маҷмуъ, фаъолияти шурои диссертатсиониро қаноатбахш ва мусбӣ арзёбӣ намуданд.
Дар охир, оид ба ҳамкориҳои судманд ва дастгириҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.