25 ноябри соли 2024 бо дастгирии Агентии инноватсия ва технологияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин бо ширкати дигар вазорату идораҳои дахлдори кишвар бори нахуст дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байналмилалии “ПЛАСС-Форум Digital Tajikistan" баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 1000 нафар намояндагони ширкатҳои бонуфуз ва мақомоти расмии давлатӣ аз 26 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир дар соҳаи рақамисозӣ, аз ҷумла модернизатсияи ҳукумати электронӣ, таъсиси низоми пардохти миллӣ ва рушди технологияҳои молиявӣ пешравиҳои назаррас дошта, ҳадаф аз баргузории "ПЛАС-Форум Digital Tajikistan" ва чорабиниҳои ба он марбут фароҳам овардани майдони муҳокима ва баррасии масъалаҳои муҳимми ин соҳа, ба монанди тиҷорати электронӣ ва такмили инфрасохтори давлатӣ, рушди бонкҳои рақамӣ, истифодаи технологияи блокчейн, таъмини амнияти киберӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва дурнамои Open Banking дар минтақа мебошад.
Мақсади форум муаррифии технологияҳои рақамӣ ҳамчун бахши муҳимми рақамисозӣ дар мамлакат, рушди хизматрасонии электронӣ ва ҳукумати электронӣ, рушди технологияҳои нав, аз ҷумла технологияи молиявӣ, таъмини амнияти кибербехатарӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ мебошад.
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «замони муосир талаб мекунад, ки тамоми равандҳои иқтисодӣ ва хизматрасонӣ тавассути истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотиву иртиботӣ дар заминаи инфрасохтори иттилоотӣ амалӣ гарданд».
Дар доираи форум мулоқотҳо бо коршиносон доир шуда, оид ба рушди соҳаи рақамикунонӣ маърузаҳо пешниҳод карда шуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар форуми мазкур сарходими илмӣ-профессори Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ Мавлоназаров С.С. иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар рафти суханронии худ, Мавлоназаров С.С. ба масъалаҳои муҳимми таҳдидҳо ва хатари ҷиноятҳои киберӣ, ки дар шароити ҷаҳонишавии иттилоотӣ афзоиш ёфта истодаанд, равшанӣ андохт. Ӯ таъкид намуд, ки рушди технологияҳои иттилоотӣ на танҳо имкониятҳои нав фароҳам меорад, балки хатари ҷиноятҳои кибериро низ афзоиш медиҳад.
Зикр карда шуд, ки таҳдидҳои киберӣ метавонанд ба низоми молиявӣ, амнияти миллӣ, иттилооти шахсӣ ва тиҷоратӣ таъсир расонанд. Ҳамзамон, ӯ ба зарурати ҳамкории байналмилалӣ барои муқовимат ба ҷиноятҳои киберӣ ишора намуда, пешниҳод кард, ки дар ин самт бояд на танҳо қонунгузорӣ, балки фарҳанги истифодаи технологияи иттилоотӣ низ рушд дода шавад.