Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ҶАМЪБАСТИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР МАВЗУИ ТАШАККУЛИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ВАЗЪ ВА ДУРНАМО

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои сардорони шуъба (бахш) - ҳои умумии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ҷамъбаст гардид.

Дар ҷамъбасти курси мазкур, ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Фирдавс Одиназода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Шоҳрух Ҳамидов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни ифтитоҳи курси мазкур қайд карда шуд, ки сохтори ҳукумати электронӣ имконоти нави идорасозии давлат мебошад, ки тавассути истифода аз технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди фаъолияти коргузории мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ба нафъи шаҳрвандон сурат мегирад. Ҳукумати электронӣ як воситаи дастрас кардани иттилоот ва расонидани хидматҳои давлатӣ ба шаҳрвандон, тиҷорат, дигар шохаҳои давлатӣ ва коркунони давлатӣ мебошад, ки дар он ҳамкории мутақобили байни давлат ва дархосткунандагон хеле осон сурат мегирад ва аз технологияи иттилоотӣ ҳар чи беҳтар истифода мешавад.

Тибқи маълумоти Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси мазкур дар ҳаҷми 46 соат бо фарогирии 60 нафар шунавандагон ҷамъбаст гардид, ки ба онҳо барои хатми муваффақона Гувоҳномаҳо супорида шуданд .