Боиси хушнудию сарфарозист, ки ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Даврон Ҷӯрахон бо қарори Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии “100 чеҳраи муваффақи Тоҷикистон” аз рӯйи номинатсияи “Маориф ва илм” бо нишони сарисинагии озмун сарфароз гардонида шуд.
Воқеан ҳам, Сафарзода Даврон Ҷӯрахон аз зумраи он роҳбароне ба ҳисоб меравад, ки дар ташаккул ва рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли ҷавон саҳми босазои худро гузоштааст. Ҳамчун шахсияти бедордил ва масъулиятшиносу хоксор тавонист, ки дар пешрафти ҷомеаи навин нақши боризи худро гузорад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки озмуни мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии “Маркази рушди зеҳнӣ”-и Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, барои муаррифӣ намудани чеҳраҳои муваффақ ва шинохтаи Тоҷикистон ташкил карда шудааст.