Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ОМИЛҲОИ АСОСИИ ҲАВАСМАНДАГАРДОНИИ КОРМАНДОН ДАР ТАШКИЛОТҲОИ МУОСИР

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва баррасии мавзуҳои қобили таваҷҷуҳ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст. Вобаста ба масъалаи мазкур, ҳайати проффессорону омӯзгорон муваззаф гардидаанд, ки бо донишҷӯён дарсҳои намунавиро ташкил ва роҳандозӣ намоянд.

Бо ин мақсад, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон профессори кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Академия Гавҳар Шарофзода тасмим гирифт, ки дар доираи нақша-чорабиниҳои кафедраи идоракунии захираҳои инсонӣ бо иштироки васеи устодону донишҷӯён дарси намунавиро аз фанни “Ҳавасмандгардонӣ ва мотиватсия” манзури шогирдон гардонад.

Дарси намунавии профессор Гавҳар Шарофзода дар мавзуи “Омилҳои асосии ҳавасмандагардонии кормандон дар ташкилотҳои муосир” дар шакли рӯнамоӣ пешниҳоди устодону донишҷӯён гардонида шуд, ки масъалаҳои меъёрҳои ҳавасмандгардонӣ, нақши мотиватсия дар самаранокии фаъолияти кормандон, усулҳои ҳавасмандгардонии кормандон ва принсипҳои умумии низоми мукофотдиҳии кормандон, инчунин ҷиҳатҳои назариявӣ ва амалии масъалаи мазкурро дар худ таҷассум менамояд.

Дар хотимаи дарси намунавӣ, дар доираи мавзуи баррасишаванда байни устодону шогирдон мубодилаи афкор сурат гирифт.