Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

ХОНИШИ ОЗОД АЗ ҶОНИБИ НАМОЯНДАИ КУМИТАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЛИБИ СУРХ

Бо ташаббуси Раёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Барномаи ҳамкории байни Академия ва Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон (КБСС) барои соли 2024, 18 декабри соли ҷорӣ барои донишҷӯёни Академия хониши озод дар мавзуи “Асосҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона (ҲББ)” баргузор гардид.

Хониши озод аз ҷониби мушовири ҳуқуқии Намояндагии КБСС дар Тоҷикистон, н.и.ҳ., Умед Мансуров гузаронида шуд.

Дар хониши мазкур донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ ва факултети дипломатия ва сиёсат дар бораи таносуби ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ, шартнома дар бораи манъи силоҳи ҳастаӣ ва Конвенсия оид ба бомбаҳои кассетӣ маълумот гирифтанд.

Зимни хониши озод мубоҳисаи илмӣ ва саволу ҷавоб сурат гирифт, ки дар ҷараёни он ҳозирин ба саволҳои худ ҷавобҳои пурра ва қонеъкунанда гирифтанд.

Боиси тазаккур аст, ки Академия дар асоси розигии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи августи соли 2023 Созишномаи ҳамкориро бо Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон (КБСС) ба имзо расонидааст.