Facebook
Youtube
Instagram
Telegram

РУШДИ ҶАНБАҲОИ КАДРИИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН

Таҳти чунин унвон, 18 – уми декабри соли 2024 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ баргузор гардид, ки дар кори он ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия К. Карамалишоев, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе М. Гулзод ва устодони Академия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар конференсия ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ қайд карда шуд, ки таваҷҷуҳу дастгирии ҷавонон дар ҳама давру замон яке аз роҳҳои таҳким бахшидани ояндаи дурахшон ва рушди соҳаҳои гуногун ба ҳисоб меравад. Ҳамин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва рушду ташаккул онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, сол то сол ғамхорӣ нисбати ин қишри ояндадору ояндасози ҷомеа меафзояд.

Гуфта шуд, ки қисмати асосии аҳолии кишвари моро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ба фаъолият фаро гирифта шуда, дар ин замина ҷиҳати илмомӯзӣ ва соҳибмаърифату соҳибкасб шуданашон шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст. Устодон дар маърузаҳои худ ёдовар шуданд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки дар тӯли мавҷудияти худ ин мақомоти ваколатдори давлатӣ сиёсати давлатии ҷавононро амалӣ менамояд. Ҳамчунин, давлат ва ҳукумати кишвар ба дастгирии ҷавонон, таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин барои оӯзишӣ забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро бобати инкишофи Ватани азизамон дастгирӣ менамояд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои онҳо таъмин месозад.

Дар ҷараёни конференсияи ҷумҳуриявӣ баромадкунандагон мавқеи ҷавоноро аз диду назари илмӣ доир ба татбиқи сиёсати давлатӣ, рушди хизмати давлатӣ, идеологияи миллӣ, ташаккули арзишҳои миллӣ, худшиносии миллӣ, таҳкими истиқлоли сиёсӣ ва самаранокии низоми идоракунии сиёсӣ муайян намуда, бо мақсади боз ҳам таҳким бахшидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш таклуфу пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.