ТАЛОШҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ҶАҲОНӢ

337360750_471283958462068_8063437485846282384_n

Ба Истиқлоли комили сиёсӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози даҳ солаи охири асри XX дар замоне сурат гирифт, ки  дар харитаи сиёсии ҷаҳон бар асари  фурӯпоши империяи абарқудрати Шӯравӣ  тағийроти  азим ба амал омада, низоми сиёсии олам рӯ ба дигаргунӣ овард.

Ривоҷи марзбандиҳои тозаи минтақавӣ ва фазоӣ ҷадиди геопалитикӣ бо афузадани хатарҳои умумиҷаҳонӣ аз қабили терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, офатҳои табиӣ, коҳиши сарватҳои зеризаминӣ ва манбаъаҳои сӯзишворию энергетикӣ оварда расонд ва амнияту оромии бисёре аз давлатҳои сайёра дар зери хавф қарор гирифтанд. Иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 48-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи сентябри соли 1993 барои кишвари мо оғози яке аз давраҳои муҳим дар ҷодаи пешбурди сиёсати байналмилалии он маҳсуб меёбад. Зимни суханронии худ дар ин ҷаласа роҳбари Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст мавқеи ҷумҳурии моро оид ба масоили доғи байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷахонӣ манзур намуданд. Маврид ба зикр аст, ки собиқ Директори генералии ЮНЕСКО Коичира Матсуура нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳ дар ҷаҳон ва дигар масъалаҳои минтақави чунин арзёбии намудааст: “Мо ба талошҳои бардавоми Президент Эмомалӣ Раҳмон оиди ҷустуҷӯи роҳҳои нав барои ҳалли мушкилоти мавҷудаи иҷтимоӣ ва муҳити зист, ки дар фароянд барои манфиатҳои натанҳо як кишвар, минтақа, балки тамоми ҷаҳон хидмат мекунад, баҳои баланд медиҳем”.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбари Пешвои муаззами миллат бо як қатор созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ қабл аз ҳама, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Аврупо, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони конфронси исломӣ ва дигар созмону ташкилотҳо ҳамкориҳои ҳамгироёнаро ба роҳ мондааст.

Дар баробари ин, ҳамзамон дар Ҷумхурии Тоҷикистон сафоратҳои Арабистони Сауди, Британияи Кабир, Ирландияи Шимолӣ, ИМА, Беларусия, Озарбойҷон, Олмон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Фаронса, Федератсия Русия, Узбекистон, Афғонистон, Эрон, Чин, Ҷопон, Кареяи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳо фаъолият карда истодаанд.

Ҳанӯз моҳи сентябри соли 1999 дар иҷлосияи 54-уми Маҷмааи умумии СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки вақти он расидааст, то таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба проблемаҳои оби тоза ва масъалаҳои ба он вобаста ҷалб карда шавад.

Агар дар соли 2000-ум норасоии солонаи об дар ҷаҳон 230 миллиард метрии муккаабро ташкил дода бошад, пас то соли 2025 ин рақам 10 маротиб афзуда, ба 2 триллион метрии муккааб хоҳад расид. Норасоии об дар минтақаҳои биёбон ва нимбиёбони ҷаҳон ба муҳоҷирати босуръати аҳолӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳамин тариқ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чаҳор ташабуси байналмилалиро оид ба ҳалли масоили об пешниҳод намуданд ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтанд, ин ҳам бошад:

  1. Соли байналмилалии “Оби тоза”, соли 2003;
  2. Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳайёт”, солҳои 2005-2015;
  3. Соли байналмилалии ҳамкориҳои дар соҳаи об, соли 2013;

4.Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028.

Ҳамин тавр, ҳамаи ин тадбиру ибтикорҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он овард, ки имрӯз Чумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари сулҳдӯсту инсонпарвар, пайрави арзишҳои демократӣ, тарафдории ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷониба шинохта шудааст.

Фараҳнози ТОҲИРХОН,

магистранти Академия

Похожие записи