ДАР АМАЛӢ НАМУДАНИ ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПЕШГОМ БОШЕМ

337288005_899259137962374_7623047095580064352_n

(ДАР ҲОШИЯИ МУСОҲИБАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ХАБАРНИГОРИ ТЕЛЕВИЗИОНИ СММ)

 20 марти соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд. Пешвои миллат дар ин сафари кории худ бо хабарнигори телевизиони СММ мусоҳиба анҷом дода, дар доираи он оид ба иқдомоту талошҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, аз ҷумла дар масъалаҳои тадорукотии баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ҳадафҳои асосии пешниҳоди ташаббуси панҷуми Тоҷикистон вобаста ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва аз соли 2025 минбаъд ҳар сол таҷлил кардани рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, омодагии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди масъалаҳои об, аз ҷумла пайгирии натиҷаҳои Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023, андашеронӣ намуданд.

Президенти Тоҷикистон дар мусоҳиба хуб бо хабарнигори телевизиони СММ таъкид доштанд, ки бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи умумии СММ тайи 20 соли охир 9 қатъномаи марбут ба масъалаҳои обро қабул кард, ки заминаи муносибро барои эълон кардани соли 2003 – Соли оби тоза, соли 2013 — соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ва солҳои 2005-2015 ва 2018-2028 мутаносибан эълон кардани ду даҳсолаи байналмилалии амал — “Об барои ҳаёт” ва “Об барои рушди устувор”-ро фароҳам оварданд.

Ташаббус ва пешниҳодҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли норасоии об барои тамоми сайёра мусоидат карда, онҳо барои пешгирии хатарҳои камоибӣ нигаронида шудаанд. Пешвои миллат низ пайваста иброз медоранд, ки ҳамаи ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон ба нафъи аҳли башар ва ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва беҳдошт дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ равон гардидаанд. Дар мусоҳибаи хеш Сарвари давлат сароҳатан қайд карданд, ки: “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи захираҳои об дар Сайёра, махсусан оби тоза зери таъсири амиқи таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, тамоюли шаҳрнишинӣ ва саноатикунонӣ сол то сол муташанниҷ гардида истодааст. Барои ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафи 6-ум ва дигар ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи байналмилалии марбут ба об моро зарур аст, ки талошу амалҳои худро дар ин самт афзоиш диҳем”.

Мутаассифона тайи ду даҳсолаи охир дар натиҷаи гармшавии иқлим обшавии пиряхҳо мушоҳида шуда, дар тамоми ҷаҳон мушкилоти норасоии об то чанд мураккабтар шуда истодааст. Аз раванди обшавии босуръати пиряхҳо кишвари мо низ истисно нест. Ба иттилои баъзе манбаъҳо аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар тӯли 30 соли охир беш аз 1000 пирях нобуд шудаанд. Тибқи баъзе манобеи хабарии дигар дар Тоҷикистон зиёда аз 8 ҳазор пиряхҳо мавҷуданд, ки тақрибан 8 дарсади масоҳати умумии кишварро ишғол мекунанд. Дар онҳо тақрибан 550 метри мукааб оби ошомиданӣ ҷамъ шудааст ва онҳо маҷрои тақрибан нисфи дарёҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Википедия бошад, мавҷудияти 8492 адад пиряхро дар Тоҷикистон эътироф кардааст, ки масоҳати умумии онҳо 8476,2 километри мураббаъро ташкил намуда, қариб 6% масоҳати ҷумҳуриро дарбар мегирад.

Гуфтан мумкин аст, ки бо об шудани пиряхҳо хушксолиҳо ва норасоии оби ошомиданӣ дар ояндаи наздик мушкилии рақами яки башар мегардад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳалли мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлим дар паёмҳои худ бештар таваққуф мекунанд. Аз ҷумла дар мусоҳибаи хеш вобаста ба ин масъала чунин таъкид намуданд: “Пиряхҳо захираи асосии обҳои тоза дар сайёраи мо ҳастанд. Мутаассифона, миқдори онҳо зери таъсири тағйирёбии иқлим сол то сол кам шуда истодааст. Дар чанд даҳсолаи охир дар Тоҷикистон зиёда аз як ҳазор пирях пурра аз байн рафтанд.

Обшавии босуръати пиряхҳо дар дигар қитъаҳои олам, аз ҷумла дар Арктика ва Антарктида низ ба мушоҳида мерасад. Аз тарафи дигар, шумораи аҳолӣ сол то сол зиёд шуда, талабот ба об низ босуръат меафзояд. Бо дарназардошти ин ҳолат, нишондиҳандаи таъмини об ба сари ҳар нафари аҳолӣ низ сол ба сол камтар мегардад. Дар панҷ даҳсолаи охир ин нишондиҳанда, аллакай, дувуним баробар коҳиш ёфтааст ва тамоюли мазкур ҳоло ҳам идома дорад.”

Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки обшавии пиряхҳо ҳаёти миллионҳо одамонро зери хатар мегузорад. Маълум аст, ки гармшавии глобалӣ ва тағйирёбии ҳарорати сайёра ба зарари пиряхҳост, чун дар натиҷа имрӯз онҳо назар ба интизории олимон зудтар об мешаванд. Пешгӯӣ шудааст, ки то охири аср тақрибан нисфе аз 215 ҳазор пирях дар рӯи Замин нест хоҳанд шуд. Сарвари давлат дар мусоҳибаи хеш аз ин раванд нигаронӣ намуда, қайд карданд, ки: “Обшавии босуръати пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии оби тоза ба шумор мераванд, раванди нигаронкунанда мебошад ва мо бояд барои пешгирӣ аз он чораҳои муассир ва муштарак андешем”. Дар робита ба оқибатҳои вазнини идомаи ин раванд, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуда буданд, ки соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардида, санаи мушаххаси “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” муқаррар карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо буд. Дар мусоҳибаи хеш Сарвари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафаи ин ташаббусро чунин шарҳ доданд: “Ҳадафи асосии ташаббуси мо дар самти ҳифзи пиряхҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муҳиммияти ин масъала ва андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати коҳиш додани таъсири манфии раванди глобалии тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо мебошад. Эълони Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, таъсиси фонди махсус ва баргузор кардани Конфронси байналмилалӣ оид ба ин масъала дар шаҳри Душанбе дар соли 2025 аз ҷумлаи василаҳои муҳим ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо мебошанд”.

Хуллас, дар ин мусоҳибаи худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳиммияти норасоии об, обшавии прияхҳо ва ҳалли зудтари онро боз ҳам возеҳ намуданд. Дар ин раванд моро зарур аст, ки бо дарназардошти пешниҳодҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим ҳамчун мардуми кишвари ташаббускор тамоми чорабиниҳои банақшагирифтаро пайгирона, ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоем ва пешгомии худро нишон диҳем.

 

Алишер САИДМУХТОРОВ,

мудири кафедраи ҳуқуқи

байналмилалии Академия,

номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент

Похожие записи