ТАҲАММУЛПАЗИРӢ – НИҲОЯТИ ИНСОНДӮСТӢ ВА ҲАМДИЛИИ ИНСОНИЯТ

tolerantnost-ponyatie-znachenie-i-ego-cennost-

Давоми чанд соли охир вазъияти сиёсиву амниятӣ ва суботи минтақа ва ҷаҳон пешгӯинашаванда гардида, ба мавҷудият ва рушду ташаккули миллатҳо таҳдиди воқеӣ ба вуҷуд омадааст. Маҳз шароити мазкур ва таъсири ҳар гуна ҳодисаҳои ҷаҳони муосир, ки ҳамчун хатар эътироф гардидаанд, ҳукуматҳои кишварҳоро водор месозад, ки дар пайи ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли ин мушкилот ва муҳимтар аз ҳама дар пайи дуруст тарбия намудани аҳолии кишвар бошанд.

 

Муаллифи асари “Бархӯрди тамаддунҳо”, сиёсатшинос ва ҷомеашиноси амрикоӣ Самуэл Хантингтон дар асари мазкури худ таъкид месозад, ки асри XXI инсонҳоро водор месозад, ки роҳу восита ва усулҳои нав ба нави зиндагиро коркард намоянд. Усулҳои нави зиндагиро олим шарҳ дода, қайд месозад, ки асри нав инсонҳоро ба ҳамзистии фарҳангҳои гуногун ва зарурати пешбурди ҳаёт водор месозад. Бо ин роҳ инсонҳо барои худ зиндагии осоиштаро бо сабру таҳаммул ва нигоҳи хайрхоҳонаву некбинона бунёд сохта метавонанд. Барои расидан ба мақсади мазкур мебояд, аҳолии сайёраро дар рӯҳияи таҳаммулпазирии динӣ ва фарҳангӣ, ки дар ҷавҳари он муносибати хуб нисбати ҳамаи аҳолии кураи Замин новобаста аз ранги пӯст, нажод, дин, миллат, фарҳанг, макони зисту таваллуд ва тамаддуну маданият меистад, тарбия намуд.

Ҳангоми ҷустуҷӯи маънии вожаи таҳаммулпазирӣ дар адабиёти тоҷикӣ бештар ба нигоштаҳои шоирону нависандагони классики тоҷик рӯ ба рӯ гаштан мумкин аст. Яъне гузаштагони мо аллакай чандин аср пеш бархӯрди тамаддунҳоро пешгӯи кардаву роҳи ҳалли онро дар таҳаммулпазирӣ пайдо намудаанд ва онро тавассути навиштаву нигоштаҳои худ ба ояндагон мерос гузоштаанд. Решаи калимаи таҳаммулпазирӣ аз вожаи арабии “таҳаммул” яъне ба сахти тоб овардан, сабру тоқат доштан, махсусан дар вақти сахтию машаққат ва “пазируфтан” – қабул кардан гирифта шудааст. Мафҳуми “таҳаммулпазирӣ” ҳолати босабру таҳаммул будани шахс, гурӯҳ, ниҳод, ташкилот ва ё ҷомеаро нисбат ба арзишҳо, фарҳангҳо, ҷаҳонбиниҳо, анъанаҳо, тарзи зиндагӣ ва урфу одати дигар шахс, гурӯҳ, ниҳод, ташкилот ва ё ҷомеаро дар назар дорад.

Мақсади асосӣ ё ҷавҳари таҳаммулпазириро ғояи ба фарҳангу маданият ва урфу одат дигар пайдо намудани ҳисси ҳурмату эҳтиром ташкил менамояд. Агар ба тарзи содда ва умумӣ бигӯем, худи таҳаммулпазирӣ ин фарҳанг мебошад. Фарҳанги маърифатии хос, ки инсонро дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳурмату эҳтироми ҳамдигар ба воя мерасонад. Яке аз мушкилотҳои асосии дар роҳи ташаккули таҳаммулпазирии шахсият ба вуҷуд меомадаро метавон чунин шарҳ дод, ки агар шахс дар замири худ фарҳанги инсондӯстӣ ва маданияти волои инсониро тарбия накарда бошад, он гоҳ бо ташаккули таҳаммулпазирӣ пештар дар замири ӯ ғояҳои тарс ва шарм аз атрофиён аз амалу рафтори худ ва аз ҳаракатҳои худ ба вуҷуд меояд. Дар чунин ашхос фарҳанги таҳаммулпазирӣ танҳо пас аз он ки тарсу ҳарос дар инсон аз байн меравад, ба вуҷуд меояд. Бо ташаккули таҳаммулпазирӣ дар замири шахс вай дигар ба ҳодисаҳои атроф ва амалу воқеоти он бетафовут мегардад ва тамоми кӯшишу ҳаракати худро барои боз ҳам беҳтар намудани сифатҳои шахсии худ равона месозад.

Тавре қайд карда шуд, принсип ё ғояи марказии бештаре аз нигоштаҳои мутафаккирони тоҷикро ғояи таҳаммулпазирӣ ва тарбияи он дар инсоният ташкил менамояд. Бузургтарин мутафаккир ва олими тоҷик, пешвои мазҳаби ҳанафӣ Имом Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит дар таълимоти диниву дунявии худ мудоро ё худ таҳамммулпазириро ҳамчун ҷавҳари асосии инсоният нишон дода, пайравони худро ба эҳтиром нисбати дигар дину мазҳабҳо даъват менамояд.

Пас аз вафоти олим ва рӯҳонии мазкур пайравон ва шогирдони вай ба мактаби динӣ-ҳуқуқии махсус асос гузоштанд, ки он минбаъд ҳамчун фиқҳи мовароуннаҳрӣ машҳур гашт. Дар маркази таълимоти ин гурӯҳ ғояи инсондӯстӣ меистад. Пайравони ин равияи динӣ муносибати некро бо ҳама намуди ашхос новобаста аз дину мазҳаб, ранги пӯст, миллат, нажод ва фарҳангу тамаддун муҳим шуморида, ҳамаи пайравони худро ба инсондӯстиву таҳаммулгароӣ даъват месозад.

Шоир ва мутафаккири дигари забардасти тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ аз пайравони ақоиди таҳаммулгароиву ҳамдилӣ буда, дар асари абадзиндаи худ “Маснавии маънавӣ” ғояҳои ҳамгироиву дӯстӣ ва ҳамдилии инсонҳоро тарғиб менамояд. Ба ақидаи Мавлоно инсонҳоро набояд аз рӯйи чеҳра ва нажоду миллат ва ё забонашон ҷудо намуд. Зарур аст, ки маҳз тавассути ҳамдилӣ дар замири ҳамдигарӣ ҷой гирифт то муҳаббати инсонӣ миёни миллатҳо афзун гардад.

Пас, забони маҳрамӣ худ дигар аст,

Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки сиёсати инсондӯстона ва мардумпарваронаро пеша кардааст, таълимот ва андешаҳои ҳакимонаи бузургонро мавриди омӯзиш қарор дода, ба ғояҳои мазкур таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Сарвари давлат дар баромаду суханрониҳои худ фарҳанги сулҳро таблиғ карда, хостори ваҳдату субот ва ҳамраъйию мутаҳиддии тамоми ҷаҳониён будани худро иброз доштааст.

Ҳодисаҳои солҳои охир ва душвориву азиятҳои аз сари миллати тоҷик гузашта, аҳолии Тоҷикистонро дар рӯҳияи инсондӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудааст. Тоҷикон, ки дар солҳои душвортарини зиндагии худ аз мамлакатҳои ҳамсояву аз мардумони хориҷа кӯмаку дастгирии зиёд дидаанд, талош менамоянд, ки ҳамеша дар баробари аҳолии кишварҳои дигар меҳрубону ҳалим ва босадоқат бошанд. Тоҷикон аз қадим мардуми меҳмондӯсту соҳибхирад буда, ҳамеша бо набзи ҷаҳон ҳамсон буданд ва дар ҳар мушкилоти ба сари оламиён меомада, кӯшиш менамуданд, ки ба онҳо кӯмаку дастгирии худро расонида бошанд.

Воқеиятҳои таърихии наздик ба се даҳсолаи охири миллат, ки аз устувории низоми сиёсии давлатдорӣ, эҳё гардидани арзишҳои миллӣ, фарҳагиву маънавӣ, ҳамзистии иҷтимоӣ ва осоиштагии ҳаёти сокинон дар саросари кишвар бозгӯӣ месозад, бевосита аз фаъолияти пурмаҳсулу мавқеи устувори Роҳбари давлат ҳамчун сиёсатмадори таҳаммулгаро ва инсонпарвар шаҳодат медиҳад.

Дар замони муосир, ки падидаҳои номатлубе чун терроризму эктсремизм ва сепаратизм ҷаҳонро иҳота намудаву дар бисёр мавридҳои пеши роҳи тараққиёту пешрафти инсониро мегирад, маҳз тарбияи таҳаммулпазирӣ дар замири ҷавонону шаҳрвандони мамлакат замина фароҳам меорад, то пеши роҳи ин амалҳои номатлуб гирифта шавад. Роҳбарияти мамлакат дар баробари пеш гирифтани сиёсати инсондӯстона баҳри ҳифзи устувори ҳамзистии осоиштаи сокинон, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд талош намуда, бо тарғиби ғояҳои таҳаммулгароӣ бори дигар халқи дорои фарҳангу маданияти бою ғанӣ ва таърихӣ будани тоҷиконро ба оламиён нишон медиҳанд.

Заррина ОДИЛОВА,
сармутахассиси шуъбаи таҳрир ва табъу нашри Академия

Похожие записи